“Оилаи солим – ҷомеаи солим”- таҳти ин унвон табодули афкор сурат гирифт

Дар хобгоҳи № 2-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳои давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оилаи солим – ҷомеаи солим” ташкил ва гузаронида шуд.

Иштирокдорон доир ба масоили хонаводагӣ ва фарҳанги оиладорӣ, бемориҳои сирояткунанда ва тарзи ҳаёти солим табодули афкор намуда, баён доштанд, ки саломатӣ барои инсон, оила, ҷомеа нақши асосӣ мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи бисёре аз бемориҳои худи инсон маданияти пасти санитарии ӯ, тарзи носолимии ҳаёт ва муносибати манфӣ нисбат ба саломатии худ гунаҳкор дониста мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дар доираи пешгирии сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила рoҳандозӣ гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ