​3-ҷойи намоён дар озмуни“Донишҷӯи сол-2021”

иҳати баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва иҷрои Қарори Раиси вилоят аз 29. 01. 2021 №48 моҳи ноябри соли равон даври вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол” дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гузаронида шуд, ки аз МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 5 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Аз рӯйи натиҷаи шарти аввали озмун – навиштани иншо 5 нафар дар даври дуюм ширкат варзида, донишу маҳорат ва малакаи худро нишон доданд. Басирҷон Нуров - донишҷӯи курси сеюми факултети геоэкология ва туризм аз рӯйи равияи фанҳои табиӣ-риёзӣ сазовори ҷойи аввал ва аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ Назира Тухтарова – донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи рус ҷойи дуюм, Малоҳатхон Амакова - донишҷӯи курси чоруми факултети забонҳои хориҷӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони ҷойи аввал бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ, ҷойи сеюм 1000 сомонӣ гардиданд.

Маросими ҷамъбасти озмун ва қадршиносии ғолибон нимаи дуюми моҳи декабри соли равон дар толори “Кохи Рӯдакӣ” баргузор гардид ва ғолибон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ