​Тренинг ва усулҳои ҷолиби гузаронидани он

Ин мавзуъ ҳини тренинги омӯзишӣ дар кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тренинги мазкур дар доираи “Ҳафтаи психиология” бо иштироки донишҷӯёну устодони кафедра сурат гирифт.

Донишҷӯи соли сеюми кафедра Аминахон Аюбӣ мафҳуми тренинг ва аҳамияти онро дар баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён шарҳ дода, роҳҳои муосири гузаронидани тренинг ва семинарҳои омӯзиширо бо истифода аз шеваҳои шавқовар – бозиҳои гуногун ва суолу ҷавоб фаҳмонид.

Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир тренингҳо васеъ паҳн шуда, ин шакли таълим торафт маъмул мешавад. Дар ин курси омӯзишӣ иштирокчӣ бо истифода аз бозиҳои тиҷорӣ ё нақшофарӣ, машқҳо ва мубоҳисаҳо дар муддати кӯтоҳ малака, тарзи рафтор ё тарзи тафаккур пайдо менамояд. Омӯзиш дар тренинг ҳамеша интерактивӣ аст.

Ҳусейн Зайтметов, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии донишгоҳ иқдоми донишҷӯёнро ҷиҳати ташкил ва гузаронидани тренингҳо намунаи ибрат унвон намуда, аз ташаббускории донишҷӯён хуш истиқбол намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи “Ҳафтаи психиология”дар факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ гузаронидани чунин тренинг-семинарҳои омӯзишӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ