​Машъалафрӯзи зиндагӣ

Дар толори факултети санъати МДТ "ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинӣ баргузор гардид.

Декани факултет Рахимҷон Аминҷонов ҷомеаи устодони факултетро аз номи ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода табрик намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳои назаррас таманно намуд.

Гуфта шуд, ки омӯзгор ақл, чашм ва симои ҷомеа маҳсуб ёфта, машъалафрӯзи зиндагӣ маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси санъати актёрӣ перомуни касби пуршараф ва пурмашаққати омӯзгорӣ саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинии идона ҳусни бештар эҳдо намуд.

Наргис Ҳоҷиева,

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ