​Намоиши асарҳо дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд. Ташаббуси мазкур бо мақсади шинос намудани донишҷӯён бо асарҳои Пешвои миллат, тарғиби маърифати китобдӯстӣ ва ба ин васила баланд баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён амалӣ гардид.

Гуфта мешавад, намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми рӯз идома меёбад.

Нишонбой Мадумаров, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ