Маҳфили “Таърихнигорони ҷавон”

Дар толори кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ маҳфили навбатии "Таърихнигорони ҷавон" баргузор шуд.

Дар доираи кори маҳфил аз ҷониби донишҷӯён оид ба мавзуъҳои мухталиф маърӯзаҳо ироа гардид.

“Ҳаёти сиёсии Хуҷанд дар таркиби Хонигарии Қӯқанд дар асрҳои XlX”, “Ҷараёни этникӣ дар вилояти Хуҷанд асрҳои XVlll-XX”, “Фаъолияти касаба ва шаҳракҳои суғдиён дар қисмати шарқии роҳи бузурги Абрешим”, “Таърихнигории таърихи ноҳияи Ашт” аз мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби таърихнигорони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, оид ба мавзуъҳои мавриди матраҳ аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили "Таърихнигорони ҷавон" дар назди кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ давоми моҳ як маротиба баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати донишҷӯён ва вусъати корҳои таҳқиқотӣ дар байни иштирокчиёни маҳфил мебошад.

Бахтиёр Сайдалиев

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ