Озмуни навбатии «Навоварон ва ихтироъкори ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон-созандагони Ватан»

Бо мақсади ҷалби шахсони болаёқат ба навоварию ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот озмуни навбатии «Навоварон ва ихтироъкори ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон-созандагони Ватан» баргузор менамояд.

Дар даври якуми озмун, ки дар донишгоҳ сурат мегирад, донишҷўён, магистрантон, аспирантону унвонҷўён ва устодон иштирок карда метавонанд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд пешниҳод шаванд:

- синну сол то 30 сола;

- нусхаи шиноснома;

- тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

- маълумот дар бораи лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (якҷоя бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар мавод дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20 декабри соли 2019.

Почтаи электронӣ: khon1974@mail.ru

Барои маълумоти бештар ба Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ муроҷиат намоед!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ