​​Насби таҷҳизоти безараркунандаи “Санитайзер+”

Ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти бемории Covid-19 дар долони раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҷҳизоти безараркунандаи "Санитайзер +" насб карда шуд.

"Санитайзер +" қаблан дар доираи маҳфили инноватсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ихтироъ шуда, тоза намудани дастонро бо истифода аз маҳлули безараргардонӣ (антисептик) ба таври худкор таъмин менамояд.


Иқдоми мазкур бо мақсади тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ амалӣ шуда, ҷиҳати мубориза бо бемориҳои сироятӣ равона карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки ташаббускорони ин ихтироъ чор нафар устодони ҷавони факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Нуриллоев Хушбахт, Сабуров Ихтиёр, Саидвалиев Аъзам ва Халилов Қурбон мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол таҷҳизоти мазкур 5 адади дигар омода шуда, дар биноҳои №1 ва №2, факултети таърих ва ҳуқуқ, геоэкология ва филологияи тоҷик насб мешаванд.


Дар маҷмуъ, таҷҳизоти безараргардонии "Санитайзер +" 20 адад сохта шуда, рӯзҳои наздик дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ