​Оғози мусобиқа аз рӯйи намуди волейбол

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мусобиқа аз рӯйи намуди волейбол миёни донишҷӯён оғоз гардид. Иқдоми мазкур ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим бахшида ба 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 солагии Саразми бостонӣ ба роҳ монда шуд.

Бино ба иттилои Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, дар даври аввали мусобиқа 17 даста ба ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон бо Ҷом ва диплому медалҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар донишгоҳ ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд, волейбол ва баскетбол ташкил шуда, қаблан мусобиқаи футболи хурод ҷамъбаст ва дастаи факултети телеккомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ