Маҳфили илмӣ дар факултети математика
Маҳфили илмии кафедраи анализи математикӣ ин навбат ба мавзӯи “Баъзе роҳҳои ёфтани суммаи қаторҳои ададӣ ва функсионалӣ” бахшида шуд. Маҳфили мазкур бо роҳбарии дотсенти кафедра Воситова Дилором доир гардид.
Дар доираи кори маҳфил масоили марбут ба усулҳои дарёфти суммаи қаторҳои ададӣ ва функсионалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, перомуни мавзӯи болозикр аз ҷониби донишҷӯён низ маърӯзаҳо ироа шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил