​Мулоқоти Аскар Ҳаким бо донишҷӯён

Дар толори факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” мулоқоти Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким бо донишҷӯён сурат гирифт.

Вазифаи адабиёт, анвои жанрҳо, нақши шеъри иҷтимоӣ, аҳамияти мутолиаи китоб аз мавзуъҳоимеҳварии мулоқот маҳсуб мешуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким донишҷӯёнро ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва мутолиаи китоб ҳидоят намуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён оид ба фаъолияти эҷодии шоир ва олими шинохта Аскар Ҳаким пурсон шуда, ба суолҳои мухталифи хеш посух гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ