Донишҷӯи донишгоҳ сазовори ҷои дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони "Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ"

9-уми декабри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ Намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳамоиш бо мақсади муайян намудани бозори сайёҳии дохилӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби оммаи васеи мардум ба сайру саёҳат ва беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим, огоҳии комил пайдо намудани аҳолӣ аз таъриху фарҳанг ва тавассути ин баланд бардоштани эҳсос худшиносӣ мебошад.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзиданд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур силсила озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ ҷамъбаст гардид.

Ҳамин тариқ тибқи натиҷаҳои баҳодиҳии комиссияи озмуни мақолаҳои беҳтарин Шукронзода Шаҳбол - донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми дуюмро соҳиб гардид.

Шукронзода Шаҳбол бо диплом ва туҳфаи таъсисдодаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ