​Фарҳанги китобдорӣ

Дар факултети санъати МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» перомуни мавзӯи китобдорӣ ва китобшиносӣ мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, профессор Комилзода Шарифҷон, методисти пажўҳишгоҳи мазкур Каримов Мирзошариф, доктори илмҳои таърих, профессор Набиев Ваҳҳоб ва устодони соҳаи китобшиносӣ Солиҷонов Нодир, Ахмедов Аҳрор, Ҳакимова Мунира, Амонуллоев Сабур иштирок намуданд.

Ҳини мулоқот доир ба масоили марбут ба китобдории замони истиқлол маърӯзаҳо ироа карда шуда, бо донишҷӯёни ихтисоси китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Зимни шиносоӣ ба китобхонаи факултет аз ҷониби меҳмонон 19 адад китобҳои тозанашр, аз ҷумла «Китобномаи Пешвои миллат» (иборат аз 8 ҷилд), «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (иборат аз 2 ҷилд) ва чанд номгӯи маҷаллаҳои соҳаи библиографӣ тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ