Идомаи семинар-машварат дар кафедраи барномарезӣ

Аз ҷониби кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттиллотӣ семинар-машварат вобаста ба омӯзиши дарсҳои видеоӣ бо иштироки омӯзгорони факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, физикаю техника, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ, биология ва химия ва таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ташкил ва баргузор гардид.

Дар ҷараёни рафти баргузории семинар-машварат иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи барномарезӣ Нуруллоев Хушбахт аҳамият ва зарурияти омӯзиши дарсҳои видеоиро ба иштирокдорон фаҳмонида, оид ба истифодаи барномаҳо барои сабти дарсу машғулиятҳо маълумот дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ