​Мусобиқаи футбол: устодони факултетҳои донишгоҳ қувваозмоӣ мекунанд

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати ҷалби устодону кормандони факултетҳо ба варзиш мусобиқаи футбол оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини ректор оид ба тарбия Усмонов Аюбҷон иштирок намуда, дар бораи ҳадафи ташкил ва гузаронидани мусобиқа дар байни омӯзгорон сухан намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии устодони донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он устодону кормандони факултетҳо бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 16 даста иштирок намуда, ғолибон бо ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ