Таҷдиди сомонаи донишгоҳ: тарҳ ва рубрикаҳои нав

Ҷиҳати мутобиқ намудани сомонаи донишгоҳ бо меъёрҳои байналмилалӣ дар партави дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода сомонаи www.hgu.tj таҷдид гардид.

Ҳамакнун, тарҳи сомона бо намуди ҷадид фаъол гардида, чанд рубрикаҳои нав ихтисос дода шуд.

Аз ҷумла, таҳти унвони “Чароғи маърифат”, “Мо дар ВАО”, “Китобхонаи электронӣ” рубрикаҳои нав фаъол шуданд, ки дар он маводи ҷолибу хонданӣ мавриди интишор қарор мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки рубрикаи “Чароғи маърифат” ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои устодони донишгоҳ таъсис ёфта, дар ин бахш хотира ва саҳму нақши устодон пос нигоҳ дошта мешавад.

Матолиби марбут ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ нашр, пахш ва паҳн мешаванд, дар рубрикаи “Мо дар ВАО” ҷой дода мешаванд.

Бо мақсади таъмини дастрасии донишҷӯён ва довталабон ба китобҳои электронии махзани Китобхонаи марказии донишгоҳ рубрикаи “Китобхонаи электронӣ” ихтисос ёфтааст, ки ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати таъмини дастрасии довталабон ва донишҷӯён ба маълумоти марбут ба донишгоҳ дар баробари фаъол будани сомонаи расмии донишгоҳ https://www.hgu.tj, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоии “Instagram”, “Facebook” ва “Telegram” саҳифаи донишгоҳ фаъол мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ