Паёми Пешвои миллат- раҳнамои ҳаёт

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ, таҳлил, муҳокима, хулосабарорӣ ва корбарии доимӣ қарор дода шуд. Ягон масъалае набуд, ки аз доираи таҳлили Пешвои миллат берун монда бошад. Ба масъалаҳои соҳаи илму маориф, ҳифзи сиҳатии мардум, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани дараҷаи илмии донишҷӯён магистрантону аспирантон ва сатҳи касбии омӯзгорон касбу ҳунаромӯзии ҷавонон, омӯзиш илмҳои дақиқ, забонҳои русӣ, англисӣ ва забони тоҷикӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд, забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар буда инсон фақат тавассути он метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад. Забони модарии мо-забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузург мардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони муқтадиру пурвусъат ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст. Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахшии дигарбораи яке аз муқаддасоти милли мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон маҳайё намуд. Забони тоҷики дар навбати худ, ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин сохт, имрӯз ҳам ин забон илмҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда бунёдкориву созандагиҳои мардумон дар ин забон таҷассум меёбанд. Таъсир карда шуд, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Мо, соҳибҷавонон, дар назди наслҳои фардо барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он масъулияти хоса дорем ва онро бояд чун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунем ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Умуман Паёми Пешвои миллат илҳомбахши ҳаёт ва навиди тозае барои рушди устувори минбаъдаи кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз миён вазифадорем, ки мӯҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи наслҳои нарасу ҷавон саҳмгузор бошем.

Исмоилов Шокирҷон Ғуломович сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Ҳошимова Фируза Маруфовнакоргузорикафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии муассисаи давлатии таълимии

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ