​Паём – роҳнамои зиндагӣ

Имрӯз аҳли ҷомеаи кафедраи забони олмонӣ бо донишҷӯёни кафедра муташаккилона Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карда, бо суханрониҳои Сарвари давлат аз дастовард ва комёбиҳои халқи тоҷик бохабар гашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ инчунин қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар соли 2020 тамоми имконияту захираҳои мавҷударо баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардуми кишвар равона сохтааст, аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, занону ҷавонон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шудаанд. Гузаронидани чандин чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки фаъолонаи васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа падидаи неку хотирмони соли 2020 мебошад.

Дар соли 2021 аз тарафи Пешвои миллат гузаронидани чорабинии “Илм –фурӯғи маърифат” пешниҳод карда шуд. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои ҷавонон ва наврасонро тарбия ва ба дараҷаи баланди илму дониш расонидани омӯзгорон ва падару модарони ин гуна хонандагон низ чораҷӯӣ карда шавад, ки аз тарафи намояндагони халқ хуш пазируфта шуд. Ин иқдом ва ин амал на фақат ба пешрафти илму техника дар кишвар таъсири мусбӣ мерасонад, балки ба бахши саноати иқтисодиёт таҳким мебахшад ва дар навбати худ ба кишвари мо ҷиҳати аз худ намудани захираҳои табиӣ бо дастрасии технологияи навин мусоидат менамояд.

Пешравиҳои илму техника дар натиҷаи заҳмати ҳаррӯзаи кормандони гуногун ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки аз таҳти дил барои пешравии кишвари худ бикӯшем ва барои рушди нумӯи мамлакат хизмат намоем.

Саидов Мӯсо Махмудович - мудири кафедраи забони олмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ