​Баррасии ҳолатҳои эмотсионалии манфӣ дар семенар-машварати психологӣ

Бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ барои куратор ва ҷонишинҳои декан оид ба тарбия вобаста ба баҳодиҳии накӯаҳволии психологию иҷтимоии донишҷӯён семенар-машварат баргузор гардид. Семинар-машварат ба мавзӯи “Муайян кардан, пешгирӣ ва баҳодиҳии ҳолатҳои эмотсионалии манфӣ” бахшида шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар семинар омӯзгорон аз шаш факултет: факултети педагогӣ, забонҳои шарқ, забонҳои хориҷӣ, математика, иқтисодӣ, химия ва биология иштирок намуданд.

Барои шунавандагони семенар-машварат ҳолатҳои эмотсионалӣ шарҳ дода шуда, роҳҳои бартараф намудани он фаҳмонида шуд.

Доир ба масъалаи корбарӣ бо донишҷӯёни муаммодор аз нуқтаи назари психологӣ маърӯзаҳо ироа гардид.

Маврид ба зикр аст, ки чунин семинар-машварат дар факултети таърих ва ҳуқуқ бо иштироки ноиб ректор оид ба тарбия Усмонов Аюбҷон низ сурат гирифт, ки дар он кураторону муовинони декан оид ба тарбия аз факултетҳои геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ, таърих ва ҳуқуқ, филологияи рус ва филологияи ӯзбек ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ