Ҷаласаи раёсат: муҳокимаи равандҳои илму тарбия, нақши бонувон ва истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарс
Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 4 масъалаи муҳим доир ба таълиму тарбия ва дигар равандҳои фаъолият баррасӣ гардиданд.
Даҳ нафар устодони факултети филологияи ӯзбек дар як семинари байналхалқӣ, ки ба таври онлайнӣ бо ташаббуси муассисаи олии ҳамсоякишвари Ӯзбекистон сурат гирифта буд, иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода иштирокчиёнро бо хатми курси такмили ихтисос табрик гуфт. Ҷамшед Ҷӯразода зимни супоридани сертификат ва минбаъд дар ҷараёни ҷаласаи раёсат низ таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо барои такмил додани сатҳи ихтисос ва маҳорати омӯзгорӣ аҳамияти калон доранд. Ба туфайли рушди технологияи коммуникатсионӣ семинару конференсияҳои сатҳи баланди байналхалқӣ ба таври онлайнӣ сурат мегиранд, ки иштироку баҳрабардорӣ аз онҳо қулай аст. Зикр гардид, ки устодону омӯзгорон дар ҳамингуна ҳамоишҳо иштироки фаъол намоянд. Дар баробари ин, ташаббускори ташкили семинару конференсияҳо гардида, ба ин васила, баҳри боз ҳам болоравии нуфузу эътибори донишгоҳ ҳиссагузор бошанд.
Муҳиддин Сабуров, сардори раёсати таълими донишгоҳ оид ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи экспертии назди раёсати таълимии муассиса дар соли хониши 2020-2021 гузориш дод. Дар марҳилаи фаъолияти комиссияи экспертӣ аз донишгоҳҳои кишвар ва хориҷӣ 67 нафар ба донишгоҳ омада, ба таҳсил оғоз намудаанд. “Ин натиҷа, ки сол аз сол бештар мешавад, бозгӯи мавқеъ ва нуфузи устувори донишгоҳи мо аст”, – таъкид кард сардори раёсати таълим. Аз донишгоҳҳои кишвар ва хориҷӣ бештар ба факултаҳои биология ва химия, математика, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ донишҷӯён интиқол ёфтаанд.
Назорати ҷиддии раванди интиқоли донишҷӯён, риояи ҷадвали муайян ва таъмини шаффофият ҳангоми супоридани фарқияти санҷишу имтиҳонҳо аз вазифагузориҳои ректори донишгоҳ буданд. Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, аз оне, ки назорати раванди имтиҳонсупориро маркази тестӣ анҷом медиҳад, роҳбарони факултаҳо нисбати ин масъала набояд хотирҷамъ бошанд. Бознигарии фаъолияти мудирони кафедраҳо ҷиҳати таъмини таълиму тарбияи сифатнок зарур шуморида шуд.
Сарвиноз Ҳомидова, дотсенти кафедраи “Молия, тахлил ва омор”-и факултети иқтисодӣ зимни гузориши худ оид ба истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим зикр кард, ки дар донишгоҳ баҳри таъмини вазъи моддиву техникӣ эътибори хоса зоҳир карда мешавад. 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 2510 адад компютер ва дигар воситаҳои техникӣ барои сифатан ва усулан муосир ҷараён гирифтани машғулиятҳо нигаронида шудаанд. Самаранок истифода бурдани ин воситаҳои техникӣ мавзӯи асосии суҳбат буд. Ректори донишгоҳ гуфт, ки дар ҷараёни дарсҳо истифодаи технологияи муосир ҳатмист. Вай ҳамчунин барои самаранок истифода бурдани технологияи коммуникатсионӣ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳо маслиҳатҳои муфид дод. Дар мавриди дарсҳои видиоӣ супориш дода шуд, ки фонди филмҳои таълимӣ таъсис дода шавад.
Раёсати донишгоҳ тасмим дорад бинои таълимии рақами якро таъмир ва бо мебелҳои замонавӣ таъмин намояд. Ба гуфтаи ректор ин кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, дар навбати аввал ошёнаҳои болоии бинои мазкур дар назар дошта шудааст ва минбаъд дар дигар биноҳои таълимӣ низ идома хоҳад ёфт.
Дар идомаи ҷаласаи раёсат Ромиз Абдуллоев, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ оид ба иштироки донишҷўён, магистрантон, докторантон ва устодони донишгоҳ дар озмун, олимпиада ва конференсияҳои дохилию хориҷӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки донишҷӯён дар озмунҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятиву донишгоҳӣ иштироки фаъол дошта, 56 нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ҷумла, ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” 10 нафар роҳхат гирифта, дар натиҷа 1 нафар – ҷойи 1, 1 нафар – ҷойи 2, 1 нафар – ҷойи 3, 4 нафар – ҷойи ифтихорӣ (ҷойи 4) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар танҳо бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Давоми ду соли охир ҳайати устодони донишгоҳ дар 968 конференсияҳои байналмилалӣ, 693 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, 273 конференсияҳои вилоятӣ ва 1486 конференсияҳои донишгоҳӣ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба масъулини раёсати донишгоҳ супориш дод, ки ҷиҳати омода кардани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун ва дар сатҳу сифати баланд доир шудани онҳо тадбирҳои муассир андешанд. Ташкил ва гузаронидани озмун аз ҷониби факулта ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, таъмини иштироки донишҷӯёну магистрантон дар конференсияҳои дохиливу байналхалқӣ аз ҷумлаи дастурҳои ректори донишгоҳ буданд.
Заррина Рустамова, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ дар идомаи ҷаласаи раёсат суханронӣ карда, аз ташаббусҳои бонувони донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва муаррифии донишгоҳ гузориши муфассал ироа кард. Вай аз силсилаи маҳфилу чорабиниҳо ёдовар шуда, аҳамияти онҳоро дар баланд бардоштани маърифати шогирдон зикр кард. Алҳол дар донишгоҳ 783 нафар занон фаъолияти босамар доранд.
Мувофиқи супориши Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ минбаъд шӯрои занони донишгоҳ фаъолияташро тақвият бахшида, оиди баланд бардоштани маърифати оиладорӣ маҳфилҳо ба роҳ монда хоҳанд шуд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарор қабул карда, баҳри иҷрои босифати онҳо вазифагузорӣ шуд.