Натиҷагирӣ аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Дар толори факултети филологияи тоҷик маҷлиси ҷамъбастии донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик оид ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ доир гардид.

Декани факултет Тиллохоҷаева Муҳаббат аз фаъолияти донишҷӯён зимни таҷрибаомӯзӣ натиҷагирӣ намуд. Аз ҷониби профессор Абдуқодиров Абдусаттор оид ба рисолати омӯзгорӣ, истифодаи роҳу усулҳои фаъоли таълим ва салоҳияти омӯзгору хонанда маърӯзаи пурмӯҳтаво шунида шуд.

Мавриди зикр аст, ки 112 нафар нафар донишҷӯёни факултет аз санаи 9 то 19 декабри соли 2020 дар мактабҳои вобасташуда донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуданд. Дар рафти маҷлиси ҷамъбастӣ аз ҷониби донишҷӯён тариқи муаррифинома ҳисоботи раванди таҷрибаомӯзӣ ба намоиш гузошта шуд.

Зимни маҷлиси ҷамъбастӣ донишҷӯёни фаъол аз рӯйи номинатсияҳои "Таҷрибаомӯзи беҳтарин-2020", "Суратгузориши беҳтарин", "Иншои беҳтарин", "Гурӯҳи беҳтарин" муайян ва қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ