Дарси кушод дар факултети забонҳои хориҷӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ аз фанни кишваршиносӣ дарси кушод гузаронида шуд. Мавзӯи дарс “Ҷашну маросимҳо дар ИМА”унвон дошт.

Муаллими кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Убайдуллоева Фарангис дар доираи дарс аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, моҳияти мавзуъро шарҳ дод.

Ҳамин гуна дарси кушод аз ҷониби омӯзгори дигари кафедра Раҷабова Ситора аз фанни грамматикаи амалӣ дар мавзӯи “Намудҳои савол дар забони англисӣ” доир гардид.

Маврид зикр аст, киомӯзгорони ҷавони кафедра ҳангоми гузарониданидарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода бурданд. Дар дарсҳо бозиҳои таълимӣ, амалиётҳои душахсӣ ва драматизатсия гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, аз аёниятҳои гуногун ва воситаҳои техникӣ, тахтаи электронӣвасеъ истифода бурда шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани дарсҳои кушод ташаккул додани малака ва маҳоратигуфтугӯӣ, шунавоӣ ва хаттии донишҷӯён ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ