Маҳфили илмии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика - «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” ин навбат бахшида ба муносибати рӯзи Артиши миллӣ дар бинои таълимии №3 доир гардид.

Маҳфил бо иштироки донишҷӯёни соли аввали факултети физика ва техника сурат гирифт. Мудири кафедра дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов ҳадафи таъсиси маҳфилро шарҳ дода, зикр намуд, ки ин иқдом дар доираи эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷиҳати тақвияти дониши донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Дар доираи маҳфил азрўи 3 шарт - «Саволу ҷавоб тариқи шифоҳӣ», «Кор бо тахтаи электронӣ» ва «Ворид намудани матн ба компютер» озмун гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Ғолибон бо ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ