​Донишҷӯён аз махзани китобхона дидан намуданд

Донишҷӯёни соли якуми ихтисоси Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети иқтисодӣ ҷиҳати шинос шудан бо шароит ва имконоти Китобхонаи илмии донишгоҳ ба ин махзани китоб омаданд.

Дилбар Самадова, директори китобхона доир ба имкониятҳои шуъбаҳои китобхона ва толори хониш маълумот дода, ташаббусу ибтикороти донишгоҳро ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ шарҳ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ китобҳои ихтисосӣ ва илмию бадеӣ марҳила ба марҳила ба фонди китобхона харидорӣ шуда, дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо номгӯйи китобҳои марбут ба ихтисоси худ шинос шуда, ба аъзогии Китобхонаи илмии донишгоҳ қабул шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ