​Ҷавонон-нерӯи пешбар

Дар факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ бо намояндагони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд мулоқот доир гардид. Ҳадаф аз ин мулоқот баррасии мавзуъҳои умдаи ҷомеа ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон унвон мешавад.

Дар мулоқот сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Рӯзиев Самандар, декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Шарифиён Муқаддас ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Раҳматуллозода Ғулом, подполковники милитсия, нозири калони шӯъбачаи огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба мавзӯи “Роҳҳои пешгириишомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳоиғайриқонунии экстремизму терроризм” маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, намояндагони ин қишри ҷомеаро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, юаҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб дастҷамъона мубориза баранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ