​Сада-иди ниёгони ориёнажод

Перомуни ин мавзуъ дар факултети иқтисодӣ бо иштироки донишҷўёни ихтисоси «Аудит ва ревизия ва Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» чорабинӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ бо намоиши анвои ҳунарҳои мардумӣ, тармеваю сабзавот, тухмиҳо ва дигар анъанаҳои ҷашни Сада ифтитоҳ ёфт.

Декани факултет н.и.и, дотсент Нуриддинова Манзура оид ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва аҳамияти таҷлили ҷашни Сада ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла се ҷашни миллӣ-Наврўз, Меҳргон ва Сада аз нав эҳё гардида, мақому манзалати баланд касб намуданд.

Гуфта шуд, ки таҷлили ҷашнҳоимиллӣ дар замири сокинони кишвар эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёконро таҳким мебахшад.

Доир ба махсусиятҳои Ҷашни Сада маърӯзаҳо ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ