​Тачрибаомӯзии саҳроӣ

Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси биология-химия дар Ҷамоати дехоти Сурхи Исфара таҷрибаи саҳроӣ гузарониданд. Таҷрибаомӯзии мазкур аз фанни зоологияи муҳрадорон таҳти роҳбарии профессор Хабилов Толибҷон ва сармуаллима Тоҷибоева Дилбар гузаронида шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом дар амал татбиқ намудани дониши назариявии донишҷӯён ва таҳкими маърифати ихтисосии онҳо унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар доираи таҷрибаомӯзии саҳроӣ донишҷӯён бо анвои гуногуни намояндагони муҳрадорон шинос гардиданд. Аз ҷумла, намояндаи қатори дастболон - шабгадаки тезгӯш аз ҷониби донишҷӯён омӯхта шуд. Хотиррасон менамоем, ки феълан давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи нақшаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ҷараён гирифта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дониши онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ