​Донишҷӯён ба аёдати пиронсолон рафтанд

Донишҷӯёни факултети иқтисодӣ ҷиҳати аёдат ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд рафтанд. Ин ташаббус дар арафаи моҳи Рамазон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон маҳсуб меёбад.

Тазаккур бояд дод, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳу яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Ба пиронсолон аз ҷониби донишҷӯён маҳсулоти озуқаворӣ ва дорувориҳои лозима супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ