​Озмуни “Расми девории беҳтарин”: ғолибият насиби кӣ шуд?

Бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ озмуни «Расми девории беҳтарин» байни донишҷӯёну магистрантони донишгоҳ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аз 18 факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, маҳорати рассомии худро нишон доданд.

Мувофиқ ба баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷоиаввал ба Шукурова Ҷаҳоноро - донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ, ҷои дуюм ба Шоҳизода Шоҳона - донишҷӯи курси якуми факултети санъат ва ҷои сеюм ба Ваҳҳобова Гулчирой - донишҷӯи курси дуюми факултети санъати тасвирӣ ва технолгия сазовор дониста шуд.

Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуда, ба даври вилоятии озмун пешбарӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ