​Т ва ТИ: беҳтаринҳо ба даври донишгоҳии фестивал роҳхат гирифтанд

Фестивали «Атласу адрас – 2021» дар факултети телекоммуникатсия ва технологияхои иттилоотӣ низ дар сатҳи шоиста баргузор шуд.

Декани факултет Гулнора Узоқова таъкид намуд, ки ин ташаббус дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ бахшида ба сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба роҳ монда шуда, мақсад аз он тарғиби либоси миллӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар фестивал зиëда аз 30 нафар духтарон аз рӯи се номинатсия иштирок намуда, маҳоратсанҷӣ намуданд.

Аъзои ҳакамон ба тарзи дӯхт ва ба тарҳу зебоии либоси иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври донишгоҳии фестивал пешниҳод намуданд.

Фаррух Усмонов,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ