​Дарси кушод: “Пайвандакҳои забони арабӣ”

Бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 301 дар факултети забонҳои шарқ дарси кушод гузаронида шуд.

Нишонбой Мадумаров, магистранти соли аввали ихтисоси арабӣ-англисӣ дар бораи пайвандакҳои забони арабӣ маълумот дода, мавзуъро барои донишҷӯён шарҳ дод.

Дар дарс ҳамаи лаҳзаҳо, аз ҷумла “Лаҳзаи ташкили дарс”, “Лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ”, “Баёни мавзӯи нав”, “Мустаҳкамкунӣ”,“Баҳогузорӣ” ва “Супориши вазифаи хонагӣ” мушоҳида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дарс бо истифода аз муаррифинома сурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён ба гуруҳҳо ҷудо ва байни ҳам бозиҳои мантиқӣ анҷом доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ