​Маҳфили илмӣ: “Тамоюли фикрӣ дар фалсафаи асримиёнагӣ”

Дар доираи ҳафтаи илм бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили илмӣ доир гардид. Дар доираи кори маҳфил мавзуъҳои “Тамоюли фикрӣ дар фалсафаи асримиёнагӣ” ва “Умумият ва тафовути таълимотҳои Асҳоби ҳаюлло ва машшоия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадаф аз ташкили маҳфили мазкур тавсеа додани дониши фалсафии донишҷӯён унвон мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ҳафтаи илм бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа силсилаи чорабиниҳо идома дорад, ки маҳфили мазкур аз зумраи онҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ