​Фестивали атласу адрас дар факултети санъат

Дар толори факултети санъат даври аввали фестивали атласу адрас баргузор гардид. Дар фестивал мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр ва раиси шўрои занон Рустамова Заррина иштирок доштанд.

Декани факултети санъат Аминҷонов Раҳимҷон доир ба ҳадафи ташкили фестивали мазкур ва аҳамиятибаргузории он дар тамоми факултетҳои донишгоҳ сухан намуд.

Аз рўи барномаи фестивал иштирокчиён аз рӯи се номинатсия – намоиши либосҳои атласу адрас, намоиши либосҳои ҳамарўза ва идона, намоиши либоси арўсию домодӣ маҳоратсанҷӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён бадеҳаи халқӣ бо забони яғнобӣ суруда шуд.

Мудири бахши тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр перомуни зарурияти ба роҳ мондани фестивали атласу адрас сухан намуда, таъкид дошт, ки дар заминаи фармоиши ректори донишгоҳ то санаи 24-уми апрел дар тамоми факултетҳои донишгоҳ даври аввали фестивали мазкур баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз фестивали атласу адрас эҳёи анъанаҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ ва таҳкими худшиносӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ