​Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат

“Паём – баёнгари фардои дурахшони миллат” – таҳти чунин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус конференсияи илмӣ-амалӣ бо мақсади мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор додани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баргузор гашт.

Дар конференсия декани факултет, номзади илмхои педагогӣ - Сатторбердӣ Рабиев, мудири осорхонаи донишгоҳ, номзади илмҳои таърих - Рустам Юлдошев, муовини декан оид ба тарбия - Муҳайё Қодирова доир ба масоили “Соҳаи маориф – омили муҳими инкишофи миллат ва таҳкими давлат”, “Рушди босуботи кишвар – дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” ва ”Нақши занони фаъол дар таълиму тарбияи насли ҷавон” баромад намуда, нақш ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дастёбӣ ба музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ беназир хонданд.

Баъдан, иштирокдорон оиди рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан, дастовардҳо, ислоҳоту тағйироти куллии соҳаи илм ва маориф, дастгирии занону ҷавонон ва дигар нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ