​Масъалаҳои асосии навишти мақолаҳои илмӣ

Ин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки дар доираи ҳафтаи илм дар факултети забонҳои шарқ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар якҷоягӣ бо факултетҳои забонҳои хориҷӣ, филологияи тоҷик ва филологияи рус багузор шуда, дар он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ширкат намуд.

Муовини ректор ҳадаф аз баррасии масъалаҳои асосии навишти мақолаҳои илмиро дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии унвонҷӯён, докторантони PHD, магистрантон ва донишҷӯёноид ба талаботҳои асосӣ ва муҳими таълифи мақолаҳои илмӣ унвон намуд.

Дар доираи иқдоми мазкур аз ҷониби устодони донишгоҳ дар мавзуъҳои “Роҳ ва усулҳои коркарди маводи илмӣ (реферат, аннотатсия, конспект”, “Таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ: ғалатҳои роиҷ ва ислоҳи онҳо”, “Сохтори мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои КОА”, “Низомнома ва меъёрҳои КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дифои рисолаи номзадӣ” маърӯзаҳо ироа гардида, талабот ва қонуниятҳои таълифи маводи илмӣ шарҳ дода шуд.

Ҳамзамон, ба суолҳои донишҷӯён оид ба мавзӯи мавриди матраҳ посухҳои мушаххас дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ