​"Шоми ҷавонӣ" довталабони олимпиадаи ҷумҳуриявиро ба ҳам овард

Дар истироҳатгоҳи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки довталабони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ "Шоми ҷавонӣ" доир шуд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиён ва болида нигоҳ доштани табъи донишҷӯён дар арафаи иштирок дар олимпиада унвон мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи "Шоми ҷавонӣ" намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат низ ширкат намуда, донишҷӯёнро ба маркази вилояти Суғд хайрамақдам ва ба муносибати моҳи ҷавонӣ табрик гуфтанд.

Гуфта шуд, ки "Шоми ҷавонӣ" донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро ба ҳам оварда, ҷиҳати таҳкими дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо замина гузошт.

Дар доираи ин чорабинӣ донишҷӯён шеъру суруд хонда, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузоштанд, ки дар маҷмӯъ "Шоми ҷавонӣ" - ро барои ҳар як иштирокчӣ хотирмон намуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил




МАРКАЗИ ИТТИЛООТ