​Чорабинии илмӣ бахшида ба 150-солагии системаи даврии Менделеев

Дар факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 150-солагии системаи даврии Менделеев чорабинии илмӣ бо ширкати устодону магистрантон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии илмӣ наворҳо, слайдҳо намоиш дода шуда, арз гашт, ки Дмитрий Иванович Менделеев яке аз бузургтарин олимони дунё буда, комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодиаш кашфи Қонуни даврӣ ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд.

Асари барҷастаи Д. И. Менделеев «Асосҳои химия» мебошад. Ин китоб тамоми мавзўъҳои химияи ғайриорганикиро фаро гирифта, Д. И. Менделеев дар он назарияро дар амалия татбиқ намуда, ба масъалаи технологияи нафт бисёр диққат додааст. Ӯ пешниҳод намудааст, ки истеҳсоли нафтро ҳаматарафа инкишоф дода, бештар ба коркарди химиявии он диққат дода шавад.

Баъдан донишҷӯён маҳсули меҳнати дастии худро дар намудҳои арчаи солинавӣ ва элементҳои химиявӣ, ширинӣ ва торт бо акси Системаи даврӣ ва Д.И. Менделеев намоиш доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ