​Олимпиада ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Шӯрои олимони ДДХ”

Дар доираи ҳафтаи илм, ки имрӯз дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ оғоз гардид, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна аз рӯйи барномарезӣ олимпиада баргузор шуд. Олимпиадаи мазкур ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ташкил шуда, дар он беш аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миқёси вилояти Суғд ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин ташаббус дар донишгоҳ бори аввал ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши технологияҳои нав, аз ҷумла барномарезӣ унвон мешавад.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.


Фаррух Усмонов,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ