Мулоқот: “Тозагӣ – гарави саломатӣ”

Доир ба ин мавзуъ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот доир гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии донишҷӯён маҳсуб меёбад. Зимни мулоқот аз ҷониби мутахассисони соҳа доир ба роҳҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ маълумот дода шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён дар бораи омилҳои мубориза бо анвои гуногуни бемориҳо суол намуда, аз мутахассисон посухи мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ