​Форуми байналмилалӣ: “Китобхонаҳои Руссия ва Тоҷикистон: таҷриба, потенсиал, стратегияи рушди инноватсионӣ”

Рӯзи гузашта форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Китобхонаҳои Руссия ва Тоҷикистон: таҷриба, потенсиал, стратегияи рушди инноватсионӣ” тариқи онлайн ба кори худ шуруъ кард.

Дар форуми мазкур олимону коршиносони соҳаи китобдорӣ, директорони китобхонаҳои системаи марказонидашуда, китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ду кишвар ширкат ва баромад намуданд. Дар доираи ин ташаббус масъалаҳои “Рушди китобхонаҳо дар замони муосир”, “Омӯзиши фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо”, “Рақамикунӣ ва хизматрасонии китобхонавӣ-иттилоотӣ дар асри виртуалӣ”, “Китобхонаҳои насли нав: ҷанбаҳо ва соҳаҳои фаъолият" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар форуми мазкур директори Китобхонаи илмӣ Дилбар Самадова намояндагӣ карда, дар мавзӯи “Нақши технологияи иттилоотӣ дар пешрафти фаъолияти китобхона” маърӯза ироа намуд.

Ҳамзамон, мавсуф барномаи “Кartoteka.ksu.tj”-ро муаррифӣ карда, доир ба имконияту шароитҳои китобхона маълумот дод.

Марвид ба зикр аст, ки ба фаъолияти Китобхонаи илмии донишгоҳ аз ҷониби иштирокчиёни форум - коршиносони ватаниву хориҷӣ баҳои баланд дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳафтаи гузашта низ кормандони Китобхонаи илмии донишгоҳ дар конфронси Китобхонаи миллӣ, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият: вазъ ва дурнамои рушд” баргузор гардида буд, иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки иштирок дар чунин конфронсу форумҳои гуногун дар баробари имконияти муаррифӣ, инчунин ҷиҳати табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии китобхонаҳо саҳми муассир мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ