​Донишҷӯён аз осорхонаи вилоятӣ дидан намуданд

Бо ташаббуси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ масъулини ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз осорхонаҳои вилояти Суғд дидан намуданд. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо (International Museum Day) роҳандозӣ гардид.

Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо шурӯъ аз соли 1977 ҳамасола 18 май таҷлил мешавад. Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1978 инҷониб ин ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст.

Донишҷӯён зимни боздид аз осорхонаҳо бо ашёву айният ва асбобҳои қадимаи таърихӣ шинос шуданд.

Ҳамзамон, ба донишҷӯён доир ба теъдоди осорхонаҳои кишвар, рушди ин соҳа ва таъмиру азнавсозии осорхонаҳо маълумот дода шуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст” – гуфта шуд зимни суҳбат бо донишҷӯён.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ