​22 нафар донишҷӯён соҳиби бурсияи “Омӯзгори забони чинӣ” гардиданд

Миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Лиаодонги Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин ташаббус 22 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соҳиби бурсияи “Омӯзгори забони чинӣ” гардиданд. Аз ин шумора 11 нафарбурсияи яксолинаи пурра ва 11 нафари дигар бурсияи пурраи нимсоларо соҳиб шуданд.

Интизор меравад, ки донишҷӯёни соҳиби бурсия охири моҳи октябр ба донишгоҳи Лиаодонги Ҷумҳурии мардумии Чин барои таҳсил сафар кунанд.

Бино ба иттиллои мудири бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Қурбонов Самандар дарсҳо дар донишгоҳи Лиодонг аз 1 - уми ноябри соли ҷорӣ оғоз шуда, барои соҳибони бурсияи нимсола то охири моҳи феврал ва барои соҳибони бурсияи яксола то охири моҳи июни соли оянда давом мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Лиаодонги Чин аз рӯи дигар бандҳои шартнома идома ёфта, интизор меравад, ки соли оянда шумораи бурсияҳо барои донишҷӯён бештар мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ