​Шарораи хотираҳо

Таҳти ин унвон дар факултети забонҳои шарқ чорабинӣ доир гардид, ки дар он аз нақшу мақоми омӯзгор васф намуданд.

Донишҷӯёни соли панҷуми факултет бо гузоштани саҳнаҳои тарбиявӣ машаққату заҳмати касби пуршарафи омӯзгоронро ба намоиш гузошта, дар васфи омӯзгорон шеърҳо қироат намуданд.

Ислом Раҳимов, декани факултет таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба меҳнати омӯзгор дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхорӣ ба намояндагони ин касби пуршараф пайваста тадбирҳои судманд ба роҳ монда мешавад.

Чорабинӣ таҳти роҳбарии сармуаллимони кафедраи забони англисӣ Юлдошева Муҳайё ва Бобокалонова Парвина гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ