​“Паёми Пешво – роҳнамои ҷавонон”

Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки бо ибтикори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ дар хобгоҳи №9 доир гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом шарҳу тавзеҳи самтҳои Паём унвон мешавад.

Нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тариқи муаррифинома мавриди ташреҳ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинони кишвар буда, дастури созанда мебошад.

Донишҷӯён оид ба самтҳои афзалиятноки Паём ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ