Спартакиадаи “Саломатӣ”–и устодон
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим байни ҳайати профессорону омӯзгорон, Спартакиадаи “Саломатӣ” баргузор кард.
Спартакиада аз 21-ум то 26-уми январи соли ҷорӣ давом дошт. Дар он аз 17 факултет профессорону омӯзгорон тариқи даставӣ ширкат варзида, аз рӯи 6 намуди варзиш: шоҳмот, шашка, дартс, тенниси рӯи мизӣ, волейбол ва футболи хурд байни ҳам қувва озмуданд.
Дар натиҷа ҷои сеюм насиби факултети физикаю техника, ҷои дуюм насиби факултетителекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ гашта, ҷои якумро факултети молия ва иқтисодиёти бозор ишғол кард.
Маросими ҷамъбастии ин чорабинӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз”-и соли 2019 баргузор мешавад. Аз тарафи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ғолибон бо ифтихорномву тӯҳфаҳои хотиравӣ, инчунин аз ҳар як намуди варзиш як нафар иштирокчии беҳтарин қадр карда мешаванд.
Маркази иттилоот ва таҳлил