Паём- навиде аз зиндагии тоза
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти короновирус COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, тамоми мардуми сайёраро ноором намуда, мушкилиҳои зиёдро пеш овардааст. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо, вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкилтар мегардад. Пешгўии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлили коршиносон якчанд оқибати манфии пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ баланд шудани нархи молҳои ниёзи мардум ва ғайра.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад. Ҳукумати кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳоииловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Мачлиси Олӣ, ки санаи 26.01.2021 ироа гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории иқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Аз таҳлилҳои зикршуда муайян шуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Сохта шудани 300 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ (бо 6500 чойи корӣ), 157 муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ(барои 63 000 нафар таълимгирандагон),108 муассисаи тиббӣ ва бо масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ ба истифода додани манзили истиқоматӣ тасдиқификрҳои болоӣ будаметавонанд.
Имрӯз халқи тоҷик дар қатори мардуми сайёра пешорӯи имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад ва танҳо ҳамдиливу, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз ни имтиҳони тақдир гузашта бошем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, кулли муаммову мушкилотамонро дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем ва бо боварии комил ва иродаи қавӣ гуфта метавонем, ки мардуми фарҳангсолору таҳаммулпазири Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замони муосир сарбаландона мегузаранд.
Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи Н ва МТЗМ