​Мусобиқаи волейбол байни бонувони омӯзгор оғоз гардид

Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” байни бонувони омӯзгор мусобиқаи волейбол оғоз гардид. Дар ин бора ба Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати ҷалби бонувон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.

Мусобиқаи волейбол байни бонувони омӯзгор идомаи силсиламусобиқаҳо ба муносибати бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳадаф аз ин иқдом рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он унвон мешавад.

Мусобиқаи волейбол давоми панҷ рӯз идома ёфта, дар он 17 даста аз тамоми факултетҳои донишгоҳ қувваозмоӣ мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан аз рӯйи мусобиқаи футбол устодону кормандони донишгоҳ маҳоратсанҷӣ намуда, ғолибон аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ