Паём – роҳнамои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар

26 январи соли 2021 Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Рахмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонбори дигар ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан ба табибон ва ҳамшираҳоишафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савгандикасбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Солҳои охир ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он, инъикоскунандаи муваффақияти имрӯза ва дурнамои рушди ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Воқеан, Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди боустувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асоии он метавонад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат намояд. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Чун анъана дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва вазоратҳову мақомотҳои дахлдор вазифаҳову супоришҳои қатъӣ доданд, ки пеш аз ҳама барои рушди босуботи давлату миллат нигаронида шудааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Албатта қобили зикр аст, ки Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф дар умум ва ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар алоҳидагӣ диққати хоса зоҳир менамоянд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Њамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳои соли 2020 ва умуман давронии соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муайян намуданд.

Ҳазратқулов Раҳмоналӣ – устоди ДДХ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ