​Эй раҳнамои миллат!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти соҳаи маориф, фарҳанг ва илм шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф ва илму фарҳанг аз ҷониби Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок дониста шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва пешрафти ҷомеа эълон гардид. Маҳз бо шарофати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат соҳаи маориф, илму фарҳанг дар Тоҷикистон бо суръат инкишоф меёбад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ ва дар маҷмӯъ, масъалаи сифатан беҳтар намудани татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро, ки маҷмӯи ҳадафҳои саодати рӯзгору ҳаёти насли наврас мебошад, бо садоқати хоса таъмин намоем. “Бо истифода аз фурсат, - қайд менамояд Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, - бори дигар таъкид менамоям, ки Ватани муқаддасамонро ҷуз худи мо ва махсусан ҷавонон каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз мову шумо вобаста мебошад. Зеро мо, насли имрӯза, ҳар кореро ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар карда истодаем.Ва шумо низ вазифадор ҳастед, ки имрӯз илму дониш ва касбу ҳунар омӯзед, фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонед. Ман дар суханрониву сӯҳбатҳои худ доим таъкид менамоям, ки Ватанро фақат ҷавонони босаводу соҳибкасб, яъне мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос обод карда, ба он шаъну шӯҳрат бахшида метавонанд”.

Дар баробари кӯшиш баҳри ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти Қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошад.

Дастуру супориш ва вазифагузориҳои роҳбари давлат дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар барномаи стратегии вазорату кумитаҳои дахлдор, наврасону ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари офтобрӯяамон сиёсати давлатии ҷавонон густаришёфта, ҷавононро ба таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят менамояд.

Юсупова Мунира Алихановна - мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ