​14 нафар донишҷӯи донишгоҳ гирандаи Стипендияи Президентӣ шуданд

14 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуданд. Дар ин бора фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 100 нафар ба ин дастовард ноил гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи теъдод дар миқёси ҷумҳур мақоми дуюмро соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта 6 нафар донишҷӯи донишгоҳ ба ин дастовард сазовор гардида, ин шумора имсол ба 14 нафар расид.

Дастоварди мазкурро барои ғолибон ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ таҳният гуфта, пирӯзиҳои навин таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ